МАҲМАДАЛИИ ҲАЙИТ БА ҶОИ ҲИММАТЗОДА?
Душанбе. 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи истеъфои намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро пазируфт. Собиқ вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳафтае қабл ба палатаи поёнии парлумони кишвар ариза пешниҳод карда буд, ки дар асоси он хостори даст кашидан аз ваколаташ гардида буд. Сабаби аз ваколати вакилӣ даст кашидани М. Ҳимматзода натанҳо барҳам додани имтиёзу имкониятҳои ӯ аз ҷониби раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин норизо будани М. Ҳимматзода аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аст, мегӯяд муовини Раиси ҲНИТ Муҳамаддалии Ҳайит. Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар интихоботи солҳои 2000 ва 2005-уми Маҷлиси намояндагон аз рӯйхати ҳизбӣ вакили Маҷлиси намояндагон шуд. Аммо аз соли 2005 ба сабаби бемории фалаҷ наметавонист дар ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат иштирок намояд. Баъзе расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, ки мувофиқи рӯйхати интихоботии ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ин ҳизб ҳақ дорад, ки дар парлумон Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро иваз кунад. Ин масъаларо роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпусии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов шарҳ дода, гуфт, ки тибқи моддаи 57-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷои вакили ваколаташ қатъ гардида дар зарфи аз як сол камтар интихоботи такрорӣ гузаронида намешавад. Ин дар ҳолест, ки то баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 9 моҳ боқӣ мондааст.