ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИРО БО ПАРЛУМОНИ НАТО ТАВСЕА МЕДИҲАД
Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Умед аст, ки дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судманди парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи парлумонии НАТО тақвият ёбад», гуфт зимни мулоқоташ муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Убайдулло Давлатов бо раиси зеркумитаи идораи демократии Ассамблеяи парлумонии НАТО Чентин Казак. У. Давлатов ба намояндагони Ассамблеяи парлумони НАТО доир ба фаъолияти парлумони касбии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ташкили парлумони касбиро зодаи даврони истиқлолият арзёбӣ кард. Мусоҳибон дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассамблеяи парлумонии НАТО, ислоҳоти судӣ, авзои Афғонистон, ҳифзи ҳукуқи инсон, раванди демократикунонии ҷомеа, муборизаи муштарак бо зуҳуроти номатлуб — терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва роҳҳои бартараф кардани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро баррасӣ карданд. Чентин Казак зикр кард, ки Ассамблеяи парлумонии НАТО хостори тақвияти ҳамкорӣ бо парлумони Тоҷикистон аст.