ТӮҲФАИ «САРПАРАСТ» БА КИТОБХОНАҲОИ ҶУМҲУРӢ

Апрель 15, 2009 09:28

                Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Муассисаи ҷамъиятии хазинаи хайрияи «Сарпараст» бо мақсади ғанӣ гардонидани китобхонаҳо ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дона китоб тақдим намуд.                Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳангхабар доданд, китобҳои тақдимгардида, аз қабили «Шарафномаи миллат»-и М. Лутфуллоев, «Меъмори ваҳдат»-и Султон Мирзошоев ва Шодон Ҳаниф, «Қудрати ҷонофарин«-и Мӯъмин Қаноат ва ғайраҳо мебошад.               Ба қавли директори муассисаи хайрияи «Сарпараст» Маҳмудҷон Муродов, китобҳо дар матбааи худи муассиса бо маблағҳои он ба табъ расиданд.               «Ҳадафи асосии тақдими китобҳо агар аз як тарафи супориши Президенти кишвар бошад, аз тарафи дигар китоб дар китобхона бошад, беҳтар аст. Зеро ба насли наврас дастрас кардани китобҳои нав кори хайр аст»,- гуфт М. Муродов.              Директории муассиса афзуд, ки ният доранд ояндаи наздик 20 ҳазор нусха китобро ба тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон тақсим кунад.               Бояд ёдрас шуд, ки китобҳои мазкур тавассути «Корвони китоб»-и Вазорати фарҳан , рўзҳои наздик дар байни китобхонаҳои тобеи вазорат тақсим карда мешаванд.  

Апрель 15, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд