ТЕХНИКАИ МАХСУС БАРОИ МУАССИСАҲОИ КОММУНАЛӢ

Апрель 15, 2009 10:00

                 Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дирӯз бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи муассисаҳои манзилу коммуналии мамлакат нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он сухан дар бораи дастовардҳо ва камбудиҳои соҳа рафт.                 Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилу коммуналӣ» Раҳмат Бобокалонов зикр намуд, ки дар давоми се моҳи гузашта ба рушди соҳа диққати махсус дода шуд.                  Дар ин давра дар натиҷаи беҳтар сохтани фаъолияти молиявӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз бештар фоида ба даст омад. Маблағи даромади муассисаҳои манзилу коммуналӣ 311 ҳазор сомониро ташкил дод. Директори генералии корхона дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагиҳои коммуналӣ дар бобати шинондани ниҳолҳо, нигоҳубини онҳо ва сабзу хуррам гардондани маҳалҳои аҳолинишин сухан ронд. Қайд карда шуд, ки баъзе муассисаҳои коммуналии вилояти Хатлон нақшаҳои истеҳсолиро иҷро карда натавонистанд.                Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки ояндаи наздик барои таъмини эҳтиёҷоти муассисаҳои коммуналии Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Истаравшан, Данғара, Восеъ ва Рашт 31 намуди техникаи махсус ва 300 қутии махсуси ҷамъоварии ахлот харида хоҳад шуд. Қайд карда шуд, ки дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Истаравшан ва Панҷакент ба туфайли тармиму таҷдиди шабакаи обрасонӣ ва канализатсия таъминоти оби тоза хеле беҳтар гардид.  

Апрель 15, 2009 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш