ТОҲИРИ АБДУҶАББОР АЗ ОЛАМ ГУЗАШТ
Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-21 апрел дар сини 64 солагӣ баъди бемории тӯлонӣ муаллифи нахустин тарҳи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон (1990-1992), Тоҳири Абдуҷаббор аз олам гузашт.Тоҳири Абдуҷаббор иқтисодшиноси шинохта буда, яке аз созмондиҳандагони ҳаракати ғайрирасмии "Растохез" дар моҳи сентябри соли 1989 буд. Дар солҳои муқовимати сиёсӣ дар Тоҷикистон ба хориҷи кишвар — ба Эрон ва аз онҷо ба Қирғизистон рафта, то соли 2005 дар кафедраи иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии дипломатии Бишкек ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудааст. Соли 2005 ба Тоҷикистон баргашта, мудири кафедраи иқтисодии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсиониро ба ӯҳда дошт. Дар назар аст, ки худи ҳамин рӯз ҷасади марҳум, Тоҳири Абдуҷаббор дар зодгоҳаш — деҳаи Ашти ноҳияи Ашт ба хок супорида мешавад.