ҲОҶӢ ГУНАҲКОР ДОНИСТА ШУД

Май 20, 2009 09:54

                       Мӯъминобод, 20 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Рӯзи 7 майи соли 2009 дар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб таҳти раисии Асламшо Холов суди сайёр баргузор шуд, ки парвандаи маъмурии пешниҳод намудаи бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб нисбати шаҳрванд Сафаралӣ Самадов бо моддаи 481-и кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд.                      Ҳангоми мурофиа қайд гардид, ки шаҳрванд Сафаралӣ Самадов дар хонааш воқеъ дар деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб маъракаи «Ҳоҷиталбон» гузаронида, бо ин амалу кирдораш қисми 2-юми моддаи 12-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро вайрон намудааст.                      Дар мурофиаи судӣ гуноҳи Самадов Сафаралӣ пурра исботи худро ёфта, ӯро мувофиқи моддаи 481-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2500 сомонӣ ҷарима намуданд.   

Май 20, 2009 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд