ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ПОЙМОЛ МЕШАВАД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Давлаталӣ Ҳотамов, вазъи имрӯзаи бозорҳои шаҳр сахт ташвишовар аст. Агентии мазкур аз аввали сол то имрӯз фаъолияти беш аз 293 бозорро санҷида баромадааст. Санҷишҳо нишон дод, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳаррӯз аз тарафи фурӯшандагони молу амвол поймол мегардад. Фурӯшандаҳо дар кори худ ё аз тарозуҳои ғайристандартӣ ва ё аз сангҳои тарозуҳои солҳои дароз аз санҷиш нагузашта истифода карда мардумро фиреб медиҳанд. Савдогарон дар бозорҳо маҳсулоти бесифатро бо дигар навъи ҳамин гуна маҳсулот омехта карда мефурӯшанд. Агентӣ дар толори «Тоҷикстандарт» бо иштироки муовинони раисони 4 ноҳияи пойтахт ҷаласаи фаврӣ ташкил намуда, баҳри пешгирии камбудиҳо супориш дод. Директорони бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Маяковский» супоришҳои қатъӣ гирифтанд то норасоиҳои дар савдо ҷой доштаро бартараф намоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






