БОЗОРҲОИ ШАҲР БА ТАЛАБОТИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТӢ ҶАВОБГӮ НЕСТАНД

Май 13, 2009 15:56

                        Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Имрӯз ягон бозори шаҳр ба талаботи стандартӣ ҷавоб дода наметавонад, ҳамаи онҳо дар шароити ногувори санитарӣ қарор доранд»,- дар ин бора дар маҷлиси Агентии «Тоҷикстандарт» муовини раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Абдувохид Шералиев сухан ронд.                        Дар маҷлис директори Агентии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов, кормандони масъули агентӣ, муовинони раисони 4 ноҳияи шаҳр ва роҳбарони бозорҳо иштирок карданд.                       Д. Ҳотамов қайд намуд, ки «вазъи имрӯзаи бозорҳо ташвишовар аст. Сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ — яке аз проблемаҳои ҷиддии бозорҳои Тоҷикистон аст. Кормандони агентӣ аз аввали сол то имрӯз фаъолияти 293 бозорро тафтиш карданд. Маълум гардид, ки қариб ҳар рӯз ҳуқуқи истеъмолкунандагон поймол мегардад ва ин дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд».                     Дар рафти маҷлис сардори идораи назорати савдои «Тоҷикстандарт» Нарзулло Шарипов иштирокунандагонро бо камбудиҳо дар соҳаи хизматрасонӣ ва нигоҳдории мол дар бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Маяковский» шинос кард. Ба роҳбарони ин бозорҳо супориш дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар рӯзҳои наздик бартараф созанд.                      Дар охир Д. Ҳотамов дар бораи ба эътидол овардани талаботи бозорҳои ҷумҳурӣ ва беҳтар кардани сифати маҳсулоти саноатӣ қайд кард.

Май 13, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд