ДАР РУСИЯ МУАССИСАИ НАВИ КОР БО МУҲОҶИРОН ТАШКИЛ МЕШАВАД
Маскав, 18 май. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). — Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои осонтар сохтани ҳалли проблемаҳои коргарони муҳоҷир, аз байн бурдани теъдоди зиёди миёнаравҳо ва тамоили ришвахӯрӣ қарор дод, ки Муассисаи махсуси давлатии федералии воҳиди кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис диҳад. Қайд карда мешавад, ки маблағи хизматрасонӣ ба муҳоҷирони хориҷӣ бештар аз 30 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки теъдоди ташкилоту муассисаҳои миёнарав ва ришвахӯрон дар соҳаи хизматрасонӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ зиёд гардад. Директори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский изҳор намуд, ки баъзе вазифаҳои хадамот, аз ҷумла, муқаррар намудани ҳаҷми талабот ба қувваи корӣ дар минтақаҳои мамлакат ба зиммаи муассисаи нав гузошта хоҳад шуд. Инчунин, ба ақидаи Ромоданоский, тартиби додани шаҳодатномаи тиббиро ба коргарони муҳоҷир тағйир додан зарур аст. Коргарони муҳоҷир шаҳодатномаи тиббиро бояд пеш аз вуруд ба қаламрави мамлакат пешниҳод намояд, гуфт вай. Мувофиқи қонунгузории Русия, коргари муҳоҷире, ки барои кор иҷозатнома гирифтааст, бояд дар давоми 30 шабонарӯз ба муассисаҳои Хадамоти федералии муҳоҷират дар бораи вазъи саломатиаш, инчунин, гирифтор нашуданаш ба бемориҳои гузаранда, ВИЧ/СПИД ва нашъамандӣ ҳуҷҷати дахлдор пешниҳод намояд. Мо бояд пеш аз ҳама асолати чунин ҳуҷҷатҳоро тафтиш кунем, гуфт К.Ромодановский.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






