ИСТИФОДАИ ВАСЕЪИ ФУРӮЗОНАКҲОИ КАМХАРҶ ДАР МӮЪМИНОБОД

Май 20, 2009 09:51

                        Мӯъминобод, 20 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат, дар самти пешгирӣ аз шиддати бӯҳрони молиявӣ, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида буд, дар ноҳияи Мӯъминобод низ тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд.                        Иваз намудани фурӯзонакҳои муқаррарӣ ба камхарҷ дар ноҳияи Мӯъминобод аз бинои ҳокимияти маҳаллӣ оғоз гардида, тамоми корхонаю ташкилот ва як қисми мактабҳои маркази ноҳия низ зина ба зина бо фурӯзонакҳо таъмин карда шуда истодаанд.                        Бояд қайд намуд, ки баҳри дастрасии аҳолӣ ба фурӯзонакҳои камхарҷ ҷамъияти матлуботи ноҳия фурӯши онро дар нуқтаҳои савдои маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ба таври васеъ ба роҳ мондааст.

Май 20, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид