МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ ДАР ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар маркази таълимии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии ҷавононе баргузор гардид, ки соли 2009 ба гвардияи миллӣ шомил гардидаанд. Маросими савгандёдкунӣ бо суханронии муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон, генерал — майор Музаффар Гулмадов оғоз ёфт. Дар он ҳазорон нафар одамон, аз ҷумла, падару модарон, хешу таборон ва дӯстони гвардиячиён ҳузур доштанд. Аскарони ба тозагӣ даъватшуда барои савганд ёд кардан дар қисмҳои алоҳида саф ороста, бо қадамҳои низомӣ қадам зада, ба маҳалли ҷамъомад омаданд. Сипас ҳар кадоми онҳо дар ҷои таъиншуда матни савганди вафодорӣ ба халқу ватанро қироат кард. Ёд кардани савганд ҷузъи ҳатмии оғози хизмат ба Ватан мебошад. Гвардиячиёни оянда савганд ёд карданд, ки ватани худро ҳимоя хоҳанд кард. Дар фарҷоми ҷамъомад, кормандони сохторҳои низомӣ, ветеранҳои ҷанг ва падару модарон ба гвардиячиёни оянда роҳи сафед ва комёбиҳо орзу намуданд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






