МАШВАРАТ ДАР САМАРА

Май 20, 2009 09:44

                        Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 21 май дар меҳмонхонаи «Ренессанс» — и шаҳри Самара машварат баргузор мегардад, ки дар он проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар вилояти мазкур баррасӣ карда мешаванд. Дар он намояндагони Раёсати корҳои дохилии вилояти Самара, роҳбарон ва намояндагони хадамоти муҳоҷирати вилоят, маъмурияти вилоят, муассисаи давлатии «Қасри Дӯстии халқҳо», инчунин, Созмони ҷамъиятии «Мусоидат ба рушди фарҳанги тоҷикон — «Сомониён» — и вилояти Самара ширкат меварзанд.                      Аз Раёсати муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар машварат намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, ғайриҳукуматӣ, мақомоти муҳофизи қонун ва намояндагони баъзе воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон сухан хоҳанд кард.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки машварати мазкур бо ташаббуси Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон ва кӯмаку дастгирии созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, намояндагии «Пажӯҳишгоҳи ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, созмони байналхалқии меҳнат ва агентии рушди техникии «Актед» дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Май 20, 2009 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд