МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР САМАРА

Май 18, 2009 11:45

                       Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 21 май дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия дар мавзӯи «Вазъи имрӯза, проблемаҳо, нақшаҳои оянда ва тамоилоти муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Самара» машварат кушода мешавад. Ҳадафи он муайян намудани нақшаҳои ҳамкорӣ ва амалӣ сохтани пешниҳодоте мебошад, ки бояд проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатиро аз Тоҷикистон дар вилояти Самара бо кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва мақомоти давлатии ҳар ду давлат ҳал карда тавонанд.                     Дар машварат роҳбарон, кормандон ва намояндагони Раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, маъмурияти волии вилоят, маҷлиси қонунбарор ва ҳукумати вилоят, раёсати муҳоҷирати вилоят, намояндаи ваколатдори ҳукумати Федератсияи Русия дар вилояти Самара, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистону Русия ва коршиносон ширкат меварзанд.Машварат бо ташаббуси Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон бо кӯмаки шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, дафтари Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва шӯъбаи Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.                    Намояндагони Тоҷикистон аз 18 то 24 май бо коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар сохтмонҳо, корхонаҳои саноатӣ ва бозорҳои вилояти Самара кор мекунанд, мулоқотҳо карда бо шароити зиндагӣ ва меҳнати онҳо шинос гардида, бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои расмию ғайрирасмии коргарони муҳоҷири тоҷик вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ҷараёни онҳо роҳу усулҳои беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва кори коргарони муҳоҷир муайян карда мешаванд.                     Маълумоти АМИТ «Ховар» :                    Соли 2008 дар ҳудуди вилояти Самара зиёда аз 230 ҳазор коргари муҳоҷири хориҷӣ ба кайд гирифта шуд. Шумораи онҳо дар ин ҷо нисбат ба соли 2007 — ум 18,9 фоиз афзуд.                       Соли гузашта дар вилояти Самара ба 25 ҳазор коргари хориҷӣ иҷозатномаи кор дода шуд. Аз теъдоди умумии коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар вилояти Самара 44,1 фоизи онро намояндагони Ӯзбекистон ва 27,3 фоизро намояндагони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Соли 2008 дар вилояти Самара коргарони муҳоҷири 46 мамлакати ҷаҳон ба қайд гирифта шуданд.

Май 18, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд