НАҚШИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР БАРТАРАФ СОХТАНИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ

Май 18, 2009 10:46

                      Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар қароргоҳи марказии СММ дар Ню — Йорк маҷлиси Комиссияи рушди устувор баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳалли проблемаҳои соҳа, истифодаи оқилонаи замин, биёбоншавии киштзор ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар мамлакатҳои Африқо муҳокима шуданд. Намояндаи доимии Туркманистон дар СММ Оқсултон Атоева изҳор намуд, ки мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бобати бартараф сохтани бӯҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ нақши муҳим бозида метавонанд. Мавсуф пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Ашқобод Дафтари минтақавии озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ташкил карда шавад.                     Намояндаи Туркманистон таъкид кард, ки минтақаи Осиёи Марказӣ асосан аграрӣ буда, дар он захираҳои фаровони озуқаворӣ мавҷуданд. Масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзиро дар минтақа танҳо дар сатҳи миллӣ ҳал кардан мумкин нест. Бинобар ин кушодани Дафтари СММ имкон медиҳад, ки бисёр проблемаҳои мавҷуда бо кӯмаки созмонҳои байналхалқӣ ҳал карда шаванд, гуфт О.Атоева.                       Комиссияи рушди устувор дар назди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ фаъолият дорад. Намояндагони ҳамаи мамлакатҳои СММ узви комиссияи мазкур мебошанд.

Май 18, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд