ОФАТИ ТАБИӢ БА ПАНҶАКЕНТ НИЗ ТАҲДИД МЕКУНАД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бар асари борон ва жолаи шадид ва омадани сел 2 май дар ноҳияи Панҷакент беш аз 30 хона қисман зарар дида, тақрибан ба 500 гектар боғот ва киштзор хисорот расидааст. Сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Панҷакент Парвиз Амонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин ҳодиса дар маҳаллаҳои даҳсолагии Истиқлолият ва Шодиёнаи шаҳри Панҷакент рух дода, ҳамзамон ба боғот ва киштзори атрофи он зарар расонид. Дар ин ҳодисаи табиӣ 5 сар гови шохдори сокинони деҳаи Тошманори ноҳияро сел ба коми худ кашидааст. Ӯ афзуд, ки айни замон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ситоди ҳолатҳои фавқулодда комиссияи махсус таъсис дода, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ амалиёти барқароркуниро шурӯъ намудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






