ОЛИМОН НАВЪҲОИ ПЕШПАЗАКИ ПАХТАРО ТАВСИЯ МЕДИҲАНД

Май 25, 2009 12:10

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Боронҳои пай дар пай сабаби дар мӯҳлати муайянгардида анҷом наёфтани кишти пахта гардид.                        Тибқи супориши вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия намуданд, ки хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ метавонанд то 1-уми июни соли ҷорӣ аз нав кишт гузаронанд.                        Бо ин мақсад дар вилояти Суғд аз навъҳои тезпази пахта: «Сорбон», «Назирӣ», «Меҳргон» ва «Ирам» то 20-ум май, дар вилояти Хатлон аз ҳамин навъҳо то 25 -уми май ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор то 1-уми июн кишт карда метавонанд,- иброз доштанд дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Май 25, 2009 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид