РОССИЯ ҲИССАИ ДОВТАЛАБОНРО ЗИЁД НАМУД

Май 4, 2009 12:11

              Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли хониши 2009-2010 Вазорати маорифи Россия шумораи қабули довталабони тоҷикро тибқи «квота» дар донишгоҳҳои беҳтарини кишвараш зиёд менамояд.               Дар ин бора аз консулгарии генералии дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд будаи Федератсияи Россия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.             Аз нисф зиёди ҳиссаи пешбинишударо довталабони вилояти Суғд ташкил медиҳанд.             Агар соли 2008 ҳамагӣ 36 ҷой барои вилояти Суғд ҷудо шуда бошад, соли ҷорӣ ин саҳм ба 100 ҷой расонида мешавад. Ба замми ин 5 ҷой барои аспирантҳо ҷудо карда мешавад ва ҳамчунин 20 нафар сокини Суғд имкони гузаштан аз курсҳои такмили ихтисосро дар Федератсияи Россия пайдо мекунанд.             Меъёри асосии қабул- баҳои аъло ва хуб донистани забони русӣ мебошад.              Номзадҳои муносиб ба ҷойи хоб ва стипендия таъмин карда мешаванд.

Май 4, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст