РУСИЯ БА ҲУҚУҚИ ИНСОН АҲАМИЯТИ БЕШТАР МЕДИҲАД

Май 14, 2009 17:26

                       Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 12 май дар маҷлиси 63 — юми умумии Ассамблеяи генералии СММ Федератсияи Русия ба мӯҳлати се соли дигар узви Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ интихоб шуд. Намояндагони 146 давлати аъзои СММ ба тарафдории интихоби Русия овоз доданд. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар СММ ба нақши Федератсияи Русия дар густариши хамкории байналхалқӣ барои дастгирию ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳои баланд дода мешавад.                         Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита барои воситаҳои ахбори умумӣ изҳорот дарҷ намуд. Дар он гуфта мешавад, ки Русия дар фаъолияти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ мисли пештара ба эҳтироми ҳуқуқи миллатҳои хурд, нигоҳ доштани забон ва анъанаҳои миллии онҳо, тавсиаи робита бо ҳамдиёрони хориҷӣ, мубориза ба муқобили миллатгароии навбаромад ва шаклҳои дигари табъизи нажодӣ, пешгирии таҳрифи рӯйдодҳои таърихӣ, эҳтироми арзишҳои анъанавӣ ва хусусиятҳои фарҳангии халқҳои гуногун ва густариши муколамаи динҳо аҳамияти калон хоҳад дод.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ҳайати Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, инчунин, Бангдалеш, Белгия, Маҷористон, Ҷибути, Урдун, Камерун, Қирғизистон, Чин, Куба, Маврикия, Мексика, Нигерия, Норвегия, Арабистони Саудӣ, Сенегал, ИМА ва Уругвай қабул карда шуданд.

Май 14, 2009 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд