ШУМОРАИ НАФАҚАХӮРОНИ КОРКУНАНДА АФЗОИШ ЁФТ

Май 25, 2009 12:48

                       Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки шумораи нафақахӯрони коркунанда дар ҷумҳурӣ 31 ҳазору 811 нафарро дар бар мегирад, ки он баробари 6 фоизи умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ мебошанд.                      Талаботи нафақаи моҳонаи онҳо то бозҳисобӣ дар як моҳ 3 млн. 47 ҳазору 165 сомонӣ ва баъди бозҳисобӣ ба 4 млн. 372 ҳазору 146 сомонӣ баробар шуд. Андозаи миёнаи нафақаи онҳо то бозҳисобӣ 97 сомонӣ ва баъди он ба 137 сомонӣ расонида шуд, ки он баробари 40 фоиз афзоиш ёфтааст.                      Бо ҳамин талаботи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2-юми июли соли 2008 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти ҶТ аз 20-уми июни соли 2008» ба таври пурра дар амал иҷро гардид.

Май 25, 2009 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд