СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ҶАҲОНӢ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба паҳн гардидани микробҳои бемории гриппи гурӯҳи «А» (зукоми хук) вазъияти фавқулоддаи умумиҷаҳонӣ эълон намуд. Дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр намуданд, ки дар қаламрави Мексика ва ИМА аллакай 1614 ҳодисаи ба бемориҳои гриппмонанд гирифтор шудани одамон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуд. Аз, ин ҷумла, 103 нафар вафот кард. Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ бо назардошти вазъияти баамаломада бо мақсади пешгирии имкониятҳои паҳн гардидани беморӣ аз ин мамлакатҳо дар Тоҷикистон андешидани силсилаи тадбирҳои заруриро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, пешниҳод карда шуд, ки бунгоҳҳои санитарию карантини майдонҳои ҳавоӣ, вокзалҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ бо дору, асбобу анҷом ва таҷҳизоти зарурӣ барои муайян кардани ҳарорати бадан, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва воситаҳои безараркунанда таъмин карда шаванд. Дар мавриди ошкор сохтани шахсоне, ки дар онҳо нишонаҳои бемории роҳҳои нафас ё ҳарорати баланд мушоҳида мешавад, онҳо ҳатман ба шифохонаҳо фиристода шаванд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои муҳофизат кардани одамон аз бемории зукоми хук якчанд тавсия медиҳад. Ин навъи грипп бо роҳи атса ва сулфа задан аз одам ба одам сироят карда метавонад. Микробҳои он дар сатҳи болои мизу курсӣ, телефонҳо ва ғайра боқӣ монда, ба воситаи ангуштон ба даҳон, биннӣ ё чашм сироят карда метавонанд. Рангҳои равғанӣ, собун ва воситаҳои дигари безараркунандаи дорои спирт микробҳои бемориро нобуд месозанд. Шахсе, ки дар организми худ нишонаҳои бемории гриппро мушоҳида мекунад, бояд ба кор нарафта, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода набарад ва фавран ба духтур муроҷиат кунад. Одамон бо мақсади муҳофизати худ аз беморӣ бояд дар мавриди паҳн гардидани он ба ҷойҳои серодам нарафта, аз хона набароянд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






