ТАҶЛИЛИ 80 – СОЛАГИИ ОЛИМИ МАШҲУР

Май 18, 2009 10:45

                       Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯ Алӣ ибни Сино бахшида ба 80 — солагии рӯзи таваллуди олими машҳури соҳаи тиб, доктори илми тиб, профессор Минҳоҷ Ғуломов конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар конфронс олимон, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳои пойтахт, вазорати тандурустӣ, муаллимон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббӣ ширкат варзиданд.                       М.Ғуломов асосгузор ва ташкилкунандаи марказҳои табобатии бемориҳои асаби мамлакат ба шумор меравад. Ӯ муаллифи китоби дарсии «Психатрия» мебошад, инчунин, 400 асару мақолаи илмӣ бахшида ба проблемаҳои гуногуни соҳаи тиб ба қалами ӯ тааллуқ доранд. М.Ғуломов тӯли солҳои фаъолияташ бештар аз 400 олими соҳаи тиб тайёр намудааст.

Май 18, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд