ҚОТИЛ ЯКУМРӢ МАҲБУС ШУД
Қӯрғонтеппа, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Суди вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии нисбати сокини деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор Насимҷон Қурбонов кушодашударо мавриди муҳокима қарор дод. Ёвари калони прокурори вилоят В. Зайниддинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки парвандаи ҷиноии мазкур моҳи ноябри соли гузашта вобаста ба воқеаи куштори чанд нафар кушода шуда буд. Мувофиқи маводи парвандаи ҷиноӣ Насимҷон Қурбонов шаби 20 ноябр дар ҳолати мастӣ ба деҳаи Арабои ноҳияи Фархор рафта, 3 сокини онро ба ҳалокат расондааст. Яке аз онҳо холаи ҷинояткор мебошад. Н. Қурбонов инчунин чанд нафари дигар, аз ҷумла кӯдакони хурдсолро бо корд маҷрӯҳ намудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Н. Қурбонов бо ҳукми суди вилоят ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда шуд. Тарҷумон Қудратов А.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






