ҚОТИЛ ЯКУМРӢ МАҲБУС ШУД

Июнь 24, 2009 15:30

                   Қӯрғонтеппа, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Суди вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии нисбати сокини деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор Насимҷон Қурбонов кушодашударо мавриди муҳокима қарор дод. Ёвари калони прокурори вилоят В. Зайниддинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки парвандаи ҷиноии мазкур моҳи ноябри соли гузашта вобаста ба воқеаи куштори чанд нафар кушода шуда буд. Мувофиқи маводи парвандаи ҷиноӣ Насимҷон Қурбонов шаби 20 ноябр дар ҳолати мастӣ ба деҳаи Арабои ноҳияи Фархор рафта, 3 сокини онро ба ҳалокат расондааст. Яке аз онҳо холаи ҷинояткор мебошад. Н. Қурбонов инчунин чанд нафари дигар, аз ҷумла кӯдакони хурдсолро бо корд маҷрӯҳ намудааст.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Н. Қурбонов бо ҳукми суди вилоят ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда шуд.                                                                                                          Тарҷумон Қудратов А.  

Июнь 24, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид