ҶТ БА ҚДВТ БАТАЛЁНИ ХУДРО МЕФИРИСТАД

Июнь 8, 2009 09:56

                     Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Дар пойтахти Белорусия-Минск маҷлиси навбатии Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом ёфт. Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис муовини котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Акрам Амонов иштирок намуд.                     Дар маҷлис вазъи умумии ҳарбию сиёсӣ ва тамоили рӯйдодҳои минтақаи СААД, тадбирҳои вокуниш ба зуҳурот ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа муҳокима шуданд.Иштирокчиёни маҷлис натиҷаҳои амалиёти дастаҷамъии таъҷилию пешгирикунанда ва махсуси «Канал», «Нелегал» ва ғайраро ҷамъбаст карда, силсилаи ҳуҷҷатҳоро дар бораи бунёди низоми муассири муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили зуҳуроту таҳдидҳои замони ҳозира мувофиқа намуданд. Роҳбарони шӯроҳои амният самтҳои асосии фаъолияти созмонро дар давоми соли 2009 ва нимсолаи аввали соли оянда баррасӣ карданд. Инчунин нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои созмон роҷеъ ба сиёсати берунӣ, амният, мудофиа ва ғайра мавриди муҳокима қарор доданд.                   Дар маҷлиси умумӣ масъалҳои марбут ба ташкилу фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ муҳокима шуд.                   14 июн дар Маскав маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар он президентҳои ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон ширкат меварзанд. Онҳо созишномаи ниҳоиро дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ имзо хоҳанд кард.  Тибқи паймони ба даст омада аз Русия дар ин қувваҳо як дивизияи десанти ҳавоӣ ва як бригадаи десантии ҳуҷумкунанда фиристода мешавад. Шумораи хизматчиёни ҳарбии Русия дар қувваҳои мазкур қариб ба 8 000 нафар мерасад. Давлатҳои дигари аъзои созмон- Арманистон, Белорусия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон ба ҳайати қувваҳои мазкур як балатёнӣ мефиристанд.

Июнь 8, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ