БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ИСЛОҲОТИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Июнь 30, 2009 15:10

                     Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи барномаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон» машварат баргузор гардид.                     Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ, муассисаҳои тандурустии маҳалҳо, мушовирон аз ташкилотҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои мададгор ширкат варзиданд.                   Аз ҷумла, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Мирзоев қайд намуд, ки ҳадафи гузаронидани чунин чорабинӣ азназаргузаронӣ ва баррасии охирин натиҷаҳои маблағгузории тандурустӣ ва чорабиниҳои таҳлилӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ якҷоя бо созмонҳои мададгор амалӣ гаштанд, инчунин баровардани натиҷа барои Стратегияи маблағгузории соҳаи танудурустӣ, аз қабили беҳтар гардонидани идоракунии захираҳо ва одилона истифодабарии хизматрасонии тиббӣ, ҳамчунин пешниҳод ва баррасии натиҷаҳо оид ба пардохти нақдӣ ва ислоҳоти маблағгузории сарикасӣ, пардохти ҳақи хизмати тиббӣ дар асоси табобати беморон, воситаҳои ҳисоботдиҳӣ оид ба идоракунӣ ва санҷиш дар сохтори тандурустӣ; дар амал татбиқ кардани ташаббусҳо доир ба маблағгузории стратегии соҳаи тандурустӣ, ба мисоли сиёсати ҳамаҷониба оид ба пардохт, ислоҳоти пардохти расонандаи хизмат мебошад.

Июнь 30, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад