БУНЬЁДИ ИНШООТҲОИ НАВ

Июнь 24, 2009 14:47

              Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ванҷ ва лоиҳаи навсозии варзишгоҳ дар ноҳияи Роштқалъа тартиб дода ба маъмурияти сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ супорида шуд.              Инчунин лоиҳаи навсозии бинои сохтмонаш нотамоми собиқ Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Ишкошим, ва лоиҳаи сохтмони қароргоҳи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ, тартиб дода ба фармоишгар — Бонки миллии ҶТ супорида шуд. Айни ҳол дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ идома доранд, ва сохтмони ошёнаи якуми бинои мазкур дар арафаи анҷомёбист.               Барои тартиб додани лоиҳаи мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 нафар дар ноҳияи Рӯшон корҳои аксбардории маҳал ва геологияи замини иншоот таҳия шуда барои мувофиқа ба фармоишгари иншоот — маъмурияти сохтмони иншооти ҳукуматӣ пешниҳод карда шуд.

Июнь 24, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид