ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД НА ҲАМАИ ИМКОНИЯТҲОИ МАВҶУДА ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Июнь 27, 2009 11:39

                  Қайроққум, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дар маркази таълимии шӯъбаи Бонки миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд 26 июн мулоқоти Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои минтақа баргузор гардид. Зимни мулоқот натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давоми панҷ моҳи гузаштаи соли равон баррасӣ шуданд.                   Сарвари давлат изҳор намуд, ки амалӣ сохтани барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015 ба пешрафти иқтисодӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар доираи барномаи мазкур барои пешрафти соҳахои иқтисодиёти вилоят дар давоми 2,5 соли охир қариб 1,5 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд.                   Президенти ҷумҳурӣ таъкид кард, ки дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти вилоят баробари дастовардҳои мусбат камбудиҳо ва имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Қайд карда шуд, ки дар давоми панҷ моҳи гузашта нақшаи қисми даромади буҷети давлатии вилоят барзиёд иҷро шудааст. Вале бо сабаби иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии ду навъи андоз ба буҷети вилоят 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид карда шудааст.                    Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми мулоқот ба зиммаи роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю муассисаҳо дар бобати пурра истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда, то ҳадди имкон кам кардани қарз аз ҳисоби пардохти андоз, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, оқилона ва самарабахш истифода бурдани замин, афзун гардондани ҳосилнокии зироат ва боғу токзор, истеҳсол ва истифодаи навъҳои серҳосили зироат, бештар ба хориҷи кишвар фиристодани сабзавоту мева ва ғайра вазифаҳои мушаххас гузошт.

Июнь 27, 2009 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд