ХАТИ БАРҚИ «ҶАНУБ-ШИМОЛ» ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ СОХТА МЕШАВАД
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ташриф оварда, дар мавзеи Сексари ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони зеристгоҳи калони хатти 500 киловолтаи интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» аз наздик шинос шуд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сохтмони 3 хатти нави 220 киловолтаи пайвасткунандаи хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол бо шабакаҳои барқии вилоятӣ оғози расмӣ бахшид. Ин хат ба масофаи 32 километр бо харҷи беш аз 270 млн сомонӣ то охири соли равон сохта ба истифода дода мешавад. Сохтмони он дар асоси Созишномаи иловагии миёни Ширкати Барқи Тоҷик ва Ширкати "ТВЕА"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад. Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА дар масофаи 325 километр сохта мешавад. Ин хат системаи энергетикии ҷануби кишварро бо вилояти Суғд ва дар оянда бо минтақаҳои Чимкенти Қазоқистон ва Даткаи Қирғизистон пайваст хоҳад кард. Арзиши лоиҳа 281,3 млн доллари ИМА аст. Ҳамин гуна хатти 500 киловолта айни ҳол ҳамчунин аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи амалкунандаи «Регар-500» бунёд меёбад, ки дарозии он 57 км аст. Иқтидори нерӯгузаронии хатти 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» 27 млн кВт/соат дар як шабонарӯз аст, ки қариб ду баробари эҳтиёҷоти вилояти Суғд ба нерӯи барқ аст, зеро талаботи имрӯзаи шабонарӯзии вилоят ҳамагӣ 14 млн кВт/соат аст. Қобилияти нерӯгузаронии солонаи он ба зиёда аз 8 млрд кВт/соат баробар аст. Аз рӯи созишномаи қаблӣ сохтмони хат дар муддати 45 моҳ бояд то моҳи апрели соли 2010 анҷом меёфт, вале баъдтар тасмим гирифта шуд, ки бунёди он то охири соли 2009 ба поён расад. Миқдори умумии такясутунҳои ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» ҳамагӣ 581 то буда, аз ин миқдор 348 тоаш то ағбаи Анзоб ва аз зеристгоҳи «Хуҷанд-500» то ағбаи Шаҳристон то ҳол 208 такясутун насб шудааст. Сохтмончиён Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки сохтмони ин хатти пурманфиат дар мӯҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






