ИШТИРОКИ Ҳ. ЗАРИФИ ДАР МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ «ГУРӮҲИ ҲАШТГОНА»
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 26 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Триестаи Италия вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар кори мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии ҳашт давлати пешрафтаи саноатии ҷаҳон (Гурӯҳи 8) оид ба Афғонистон ва андозагирии минтақавӣ иштирок кард. Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷии «Гурӯҳи ҳаштгона», Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои мададгор, инчунин роҳбарони баъзе созмонҳои байналмилалӣ, Дабири Кулли СММ, ЮНОДС, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва дигарон иштирок варзиданд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар идораи сарҳадот ва ҳамдастиҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ карданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ суханронӣ намуда,қайд кард ки «имрӯз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи он ва Аврупо ба сифати яке аз омилҳои халалдор кардани вазъият дар минтақа ва ҷаҳон баррасӣ карда мешавад. Сарфи назар аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, мутаасифона, мубориза бо ин хатар характери давомдор гирифтааст. Тоҷикистон ҷонибдори қабули усулҳои нисбатан самараноки ҳамкорӣ ва воситаҳост, ки баҳри бартараф намудани хатару таҳдидҳои мушаххас равона гардидаанд». Зарур аст, ки ҳалли бунёдии мушкилоти иҷтимою-иқтисодӣ ва экологӣ таъмин гардида, баҳри болоравии некӯаҳволии мардум шароит фароҳам оварда шавад. Якум, таҳия ва амалӣ намудани барномаи кишти зироатҳои алтернативӣ тавассути фароҳам овардани шароит барои барқарор сохтан ва беҳсозии низоми обёрии Афғонистон дар решакан кардани парвариши афюн омили муҳиме буда метавонад. Инро тавассути сохтмони сарбандҳо ва нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар дарёи сарҳадии Панҷ амалӣ кардан мумкин аст. Дуюм, бо таҳдиди маводи нашъадор на танҳо дар кишваре, ки он истеҳсол шудааст, балки дар он кишварҳое низ мубориза бурдан лозим, ки истеъмол мешавад. Маълум аст, ки аз думболи маҳдуд гардидани истеъмол истеҳсоли он низ кам хоҳад шуд. Сеюм, масъалае, ки ба он бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад, барҳам задании воридоти моддаҳои химиявӣ ва ашёи хом барои истаҳсоли нашъа аз хориҷа ба Афғонистон аст, ки дар ин кишвар истеҳсол намешаванд. Ҳ.Зарифӣ инчунин пешниҳод намуд, ки иттиҳоди васеи зидди маводи нашъадор таъсис дода шавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






