КОРМАНДИ ШКД-И НОҲИЯИ ҲИСОРРО ҲАБС КАРДАНД
Душанбе, 24 июня. ( АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии ҷумҳурӣ баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ваколатдори калони шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Ҳисор Рустамҷон Орзуев ба охир расид. Тавре аз Суди Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, номбурдаро бо даст доштан дар порагирӣ гунаҳкор намуданд ва бо ҳукми суд ба мӯҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, Р. Орзуев моҳи январ бо мақсади ғаразнок аз сокини ноҳияи Ҳисор Толибҷон Саидов 350 доллари ИМА барои дохил кардани маълумоти бардурӯғ ба ҳуҷҷатҳои расмии ӯ талаб кардааст. 27 январ Р. Орзуевро ҳангоми гирифтани пора кормандони Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






