МАБЛАҒИ ПАРДОХТИ ТАҲСИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ АФҒОН КОҲИШ МЕЁБАД
Душанбе, 17 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе байни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи (Пуҳантун) тиббии Кобул Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши тавсеаи ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ, табодули таҷриба ва донишҷуён ба имзо расид. Созишномаи ҳамкориро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов ва Раиси пуҳантуни Кобул Убайдуллои Убайд имзо гузоштанд. Дар асоси ин Созишнома ҳар сол 5 нафар донишҷӯёни Афғонистон ба таври ройгон дар донишгоҳи тиббии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Инчунин, дар асоси ин Созишнома маблағи таҳсили донишҷӯёни Афғонистон дар донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар давоми 1 сол, ки 2 ҳазору 700 долларро ташкил медиҳад 25 фоиз кам карда мешавад. Тибқи иттилоъи мудири шӯъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Раҳмонқул Ашӯров алҳол дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон 75 нафар донишҷӯён аз давлати ҳамсоя — Афғонистон таҳсил дорад. Соли равон ду нафари онҳо донишгоҳро хатм менамоянд, ки ятоаш барандаи дипломи сурх аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






