МУВАФФАҚИЯТҲОИ «МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН»

Июнь 30, 2009 11:26

                      Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Аз таъсиси «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» як солу се моҳ сипарӣ гардид. Маркази номбурда оиди омодагии фаъолияти худ нисбати инкишофи савияи касбии захираҳои меҳнатӣ, ба хусус касбомӯзии аҳолии бешуғл, ба қайд гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳияи стандартҳои касбӣ, ки ҳадафҳои асосии Марказ мебошанд, як зумра корҳоро ба итмом расонид.                    Дар асоси роҳхатҳои пешниҳоднамудаи раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират аз ҳисоби аҳолии бекор 122 нафар доир ба ихтисосҳои «Оператори МЭҲ», «Муҳосиб», «Қаннод», «Барқчӣ» ва «Кафшергари барқӣ» ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.                   Айни замон, қабулу омӯзиши шаҳрвандон доир ба ихтисосҳои «Сантехник», «Кафшергари газӣ», «Дӯзандаи либосҳои миллӣ», «Мураббӣ», «Корманди соҳаи иҷтимоӣ», ки талаботи бозор ба онҳо зиёд аст, давом дода мешавад.

Июнь 30, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид