ОЗМУНИ КОРХОНАҲОИ БЕҲТАРИН ДАВОМ ДОРАД

Июнь 30, 2009 16:49

                   Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар Агентии «Тоҷикстандарт» маросими супоридани ҷоизаҳо ба 21 корхонаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид, ки маҳсулоти худро ба озмуни «Молҳои беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда буданд. Дар озмун умуман 35 корхона иштирок дошт. Дар байни онҳо корхонаҳои «Шириниҳои Шарқ», «Корхонаи шири Душанбе», «Шоҳона», «Ширин», «Нафиса», «Гулистон» ва «Тоҷиксемент» ба озмуни хотимавӣ роҳхат гирифтанд. Ба намояндагони ин корхонаҳо диплом ва ба ҳамаи иштирокчиёни озмун ифтихорномаҳо супорда шуданд. Корхонаҳои зикршуда рӯзҳои 24-25 июл дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард.

Июнь 30, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад