РӮЗИ ДУЮМИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Субҳи рӯзи 24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ташриф оварда, дар мавзеи Сексари ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони зеристгоҳи калони хатти 500 киловолтаи интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» аз наздик шинос шуд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сохтмони 3 хатти нави 220 киловолтаи пайвасткунандаи хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол бо шабакаҳои барқии вилоятӣ оғози расмӣ бахшид. Ин хатҳо ба масофаи 32 километр бо харҷи беш аз 270 млн сомонӣ то охири соли равон сохта ба истифода дода мешавад. Сохтмони он дар асоси Созишномаи иловагии миёни Ширкати Барқи Тоҷик ва Ширкати "ТВЕА"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад. Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хатҳои 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА дар масофаи 325 километр сохта мешавад. Ин хатҳо системаи энергетикии ҷануби кишварро бо вилояти Суғд ва дар оянда бо минтақаҳои Чимкенти Қазоқистон ва Даткаи Қирғизистон пайваст хоҳад кард. Арзиши лоиҳа 281,3 млн доллари ИМА аст. Ҳамин гуна хатти 500 киловолта айни ҳол ҳамчунин аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи амалкунандаи «Регар-500» бунёд меёбад, ки дарозии он 57 км аст. Иқтидори нерӯгузаронии хатти 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» 27 млн кВт/соат дар як шабонарӯз аст, ки қариб ду баробари эҳтиёҷоти вилояти Суғд ба нерӯи барқ аст, зеро талаботи имрӯзаи шабонарӯзии вилоят ҳамагӣ 14 млн кВт/соат аст. Қобилияти нерӯгузаронии солонаи он ба зиёда аз 8 млрд кВт/соат баробар аст. Аз р?и созишномаи қаблӣ сохтмони хат дар муддати 45 моҳ бояд то моҳи апрели соли 2010 анҷом меёфт, вале баъдтар тасмим гирифта шуд, ки бунёди он то охири соли 2009 ба поён расад. Миқдори умумии такясутунҳои ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» ҳамагӣ 581 то буда, аз ин миқдор 348 тоаш то ағбаи Анзоб ва аз зеристгоҳи «Хуҷанд-500» то ағбаи Шаҳристон то ҳол 208 такясутун насб шудааст. Сохтмончиён Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки сохтмони ин хатти пурманфиат дар мӯҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом меёбад.Худи ҳамон рӯз дар деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби таҳсилоти ҳамагонии ӯзбекӣ барои 1300 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сохтмон изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён арзи сипос намуд ва ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар майдончаи пушти мактаб як варзишгохи зебою хушсифат барои мактаббачагон бунёд намоянд.Чунонки маълум шуд, сохтмони ин мактаб ҳанӯз соли 1986 оғоз ёфта, соли 1991 бо сабаби норасоии маблағ боз дошта шуда буд. Моҳи августи соли 2006 баъди ташриф ва вазифагузории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозӣ ва таъмири пурраи мактаби номбурда аз моҳи майи соли 2008 бо маблағи 1 млн. 360 000 сомонӣ аз ҳисоби фонди католикӣ оғоз ёфта, имрӯз ба қабули хонандагон омода шуд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли ҷамоа низ барои таъмиру барқарорсозии ин мактаб 500 000 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Мактаб дорои 29 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, 14 ҳуҷраи корӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисӣ ошхона ва дигар утоқу коргоҳҳои зарурӣ аст. Дар ин мактаб аз соли нави хониш 38 нафар омӯзгорон зиёда аз 760 нафар хонандагонро бо таълиму тарбия фаро хоҳанд гирифт. Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро ногусастани арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки то баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона, пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар хоҷагии деҳқонии «Овчӣ-Ғончӣ» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз замини картошказор дидан карда, аз таҷрибаи ғании картошкапарварони ноҳияи Ғончӣ ва натиҷаҳои ибратбахши корашон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мардуми ҷамоати Овчии ноҳияи Ғончӣ аз ташрифи нахустини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хушҳолу сарфароз гашта, иттилоъ доданд, ки дар тамоми даврони ҳокимияти Шӯравӣ ягон роҳбари сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ҳатто ноҳиявӣ ба ин ҷамоат боре наомада буданд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки деҳқонони ин хоҷагӣ картошкаро аввалҳои моҳи май кишт намуда, дар моҳҳои август — сентябр аз ҳар гектараш то 40 — 50 тонна ҳосил мегиранд. Шуғли асосии мардуми ин деҳоти назди куҳӣ картошкапарварӣ ва чорводорӣ аст. Онҳо аз ҳар 100 сар гусфанди зоти ҳисорӣ то 80-90 барра мегиранд. Дар ҳамин деҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Ғончӣ мулоқот карда, барои соли гузашта 100 ҳазор тонна картошка рӯёнданашон арзи сипос намуд ва мардуми ноҳияи Ғончиро рекордсеменҳои соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон номид. Таъкид гардид, ки дар зарфи 18 сол дар ноҳияи Ғончӣ майдони кишти картошка 10 баробар ва истеҳсолаш 20 баробар афзун шудааст. Зимни сӯҳбатҳо маълум шуд, ки аз 28 ҳазор аҳолии ҷамоати деҳоти Овчӣ ягон кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ намеравад, зеро ризқу рӯзии худро аз ҳамин ҷо пайдо намуда, сатҳи баланди зиндагиашонро таъмин месозанд. Ҳамасола ба ҳаҷ рафтани шумораи зиёди сокинони ин деҳот низ аз сатҳи баланди зиндагии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар деҳаи Овчӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки бо тариқи ҳашар бунёд ёфтааст, ба истифода супорида шуд. Дар ҷараёни шиносоӣ маълум шуд, ки мактаби мазкур барои 520 нафар хонанда бо 250 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷамъовардаи аҳли хоҷагӣ бунёд ёфтааст. Мактаб аз 19 синфхона, толори маҷлисӣ, ошхона иборат буда, дорои тамоми шароити зарурӣ ва ашёи хониш аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорони бунёди ин мактаб изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар арафаи иди Рамазони соли равон ба ҳамаи 520 нафар хонанда ва 29 муаллими ин мактаб сару либос ва ашёи хониш тӯҳфа хоҳад кард. Дар ҳамин ҷо ҳамчуниин таъкид гардид, ки дар давоми 2 соли охир дар ноҳияи Ғончи бо тариқи ҳашар барои 2700 нафар хонанда мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфтаанд. Нимаи дуюми ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Шавкат» аз наздик шинос шуд ва дар боғи хоҷагии «Боғистон» бо намояндагони аҳолии ноҳия мулоқот намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои тадбирҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ёдовар шуда, фаъолони ноҳияро ба ташаббускори ва саҳмгузорӣ дар ободонию шукуфонии Ватани азиз ва риояи амру фармонҳои Президенти мамлакат ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф, танзими анъана ва ҷашну маросим ва ҳамчунин ба ҷамъоварии саривақтии ғалладона, ду ва ё зиёда ҳосил рӯёнидан аз заминҳои обӣ, васеъ намудани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғоти мавҷуда ҳидоят намуд. Зимни маҳфили ошкорои саволу ҷавоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва масъалаҳои ҳалталаби мардум ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.