РОҲҲОИ МОШИНГАРД ТАРМИМ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»Кристина Эрлих).- Тармиму таҷдиди даври якуми тармими роҳҳои мошингард ба охир расид. То имрӯз тармими қитъаи роҳи мошингарди «Ваҳдат-Ҷиргатол» то сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом дода шуд, ки дарозии он 74 километр аст. Ҳукумати Япония барои тармими роҳи мазкур маблағ ҷудо кардааст, дарозии умумии он 350 километр мебошад. Инчунин даври авали сохтмони роҳи мошингарди «Дӯстӣ- Панҷи поён» анҷом дода шуд, ки дарозии он 12 километр аст. Ин роҳ бо маблағи Бонки рушди Исломӣ тармим карда шуд. Дарозии умумии он 122 километрро ташкил медиҳад. Акнун даври дуюми тармими роҳҳо шурӯъ мегардад. Аз Раёсати умумии сохтмони роҳҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки иҷрои қисми зиёди корҳои банақшагирифташуда бо сабаби боришҳои тӯлонӣ, омадани сел ва фуромадани ярчу тарма ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Бояд гуфт, ки дар ноҳияхои Ваҳдат, Файзобод, Роғун ва ғайра масофаи калони роҳҳои маҳаллӣ тармим карда шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






