ШАХСОНИ МАНСАБДОР БА ҶАЗОИ МАЪМУРӢ КАШИДА ШУДАНД
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Дар давоми нимаи соли ҷорӣ кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, супориши роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва арзу шикояти шаҳрвандон вобаста ба ҳолати риояи қонунгузории соҳа дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ беш аз 530 санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷишҳо дар ҷумҳурӣ 1632 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки аз ин 1418 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 16 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 198 ҳолат ба масъалаҳои нафақа ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ иртибот доштанд. Кормандони Хадамоти мазкур дар асоси санҷиш наздик ба 2 млн. қарздорӣ аз музди меҳнатро муайян ва пардохт намуданд. Дар бораи риоя нашудани қонуни меҳнат беш аз 26 нафар шахси мансабдор ба ҷазои маъмурӣ кашида шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






