ШАХСОНИ МАНСАБДОР БА ҶАЗОИ МАЪМУРӢ КАШИДА ШУДАНД

Июнь 30, 2009 11:18

                     Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Дар давоми нимаи соли ҷорӣ кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, супориши роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва арзу шикояти шаҳрвандон вобаста ба ҳолати риояи қонунгузории соҳа дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ беш аз 530 санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷишҳо дар ҷумҳурӣ 1632 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки аз ин 1418 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 16 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 198 ҳолат ба масъалаҳои нафақа ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ иртибот доштанд.                     Кормандони Хадамоти мазкур дар асоси санҷиш наздик ба 2 млн. қарздорӣ аз музди меҳнатро муайян ва пардохт намуданд.                    Дар бораи риоя нашудани қонуни меҳнат беш аз 26 нафар шахси мансабдор ба ҷазои маъмурӣ кашида шуд.

Июнь 30, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар