«ВАҲДАТИ ДИЛҲО» ДАР ДУШАНБЕ

Июнь 26, 2009 12:02

                        Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чорабиниҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 12-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Боғҳои фарҳангу фароғатии Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москав» гузаронида мешавад.                          Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил намудани ин санаи сарнавиштсозу таърихӣ маҷмӯи чорабиниҳои идонаи консертиро бо иштироки ҳунармандони шинохта, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кулчагию каннодӣ, кишоварзӣ ва дастовардҳои саноатчиёни пойтахтро таҳрезӣ намудааст. Ҳамчунин, дар Боғҳои фарҳангию фароғатии дар боло зикршуда сайругашти оммавии идона ташкил карда мешавад.                        Шоми 27 июн соати 18 дар Амфитеатри Душанбе бо иштироки беҳтарин ситораҳои эстрада таҳти унвони «Ваҳдати дилҳо» консерти идона баргузор мегардад.

Июнь 26, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид