ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БА ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА МЕРАВАНД
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Баъди ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 30 июн баргузор мешавад, вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат ба таътили тобистона мебароянд. Ҳамзамон, интизор меравад, ки дар ҷаласа Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев роҷеъ ба ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм дар назди вакилон маърӯза менамояд. Таътили тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон то 1 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






