ҲАҶМИ ВОРИДОТИ МАҲСУЛОТ КАМ ШУД
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали раиси Хадамоти гумрук Неъмат Раҳматов, ҳаҷми воридоти маҳсулоти хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба 1 миллиарду 156 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 384 млн. доллар камтар аст. Ҳамзамон содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар нимсолаи соли ҷорӣ ба 384 млн. расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2008 ду маротиба камтар мебошад. Дар нимсолаи аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 64 давлати дунё алоқаи тиҷоратиро ба роҳ монд. Бо сабаби бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Тоҷикистон натавонист даромади бештареро аз ҳисоби фурӯши алюминий ва пахта ба даст орад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






