54 ҲАЗОР МУҲОҶИРЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар шаш моҳи соли равон ба Хадамоти шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 39,6 ҳазор, аз ҷумла 19,3 ҳазор занон барои таъмин бо ҷойҳои корӣ муроҷиат намудаанд, иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиматгул Алибердиева. Аз он 11,1 ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 24,3 фоизи занон бо ҷойҳои кор таъмин гардиданд. Инчунин, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ 852 166 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 54 000 нафарашон занонанд ва 68 фоизи ононро синну соли аз 21 то 54 сола ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






