АМАЛИЁТИ НАҶОТДИҲАНДАГОН
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли гузашта 126 амалиёт гузаронданд. Мутаассифона, наҷотдиҳандагони муассисаи «Центроспас» бисёр вақт дар натиҷаи гузаронидани амалиёт дар дарёҳо ва ҳавзҳо танҳо ҷасадҳоро аз об мебароранду халос. Онҳо дар ин муддат танҳо як нафарро наҷот додаанд. Дар ин бора раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳайбулло Латипов зимни нишасти матбуотӣ сухан ронд. Вай зикр намуд, ки мутахассисони кумита фалокати дар НБО «Дӯстии халқҳо» шаҳри Қайроққум рухдодаро бартараф намуданд. Ғайр аз ин бинокорон зимни сохтмони «Қасри миллат» аз фалокат наҷот дода шуданд. Бояд гуфт, ки наҷотдиҳандагони кумита бо асбобу анҷоми зарурӣ пурра таъмин нестанд. Бо вуҷуди ин онҳо вазифаҳояшонро то ҳадди имкон ҳамаҷониба иҷро менамоянд. Қайд карда шуд, ки аз аввали сол дар мамлакат 151 фалокати табиӣ рух дод, дар натиҷаи онҳо 39 нафар ҳалок шуд, дар давоми шаш моҳи гузашта дар дарёҳо ва ҳавзаҳои дигари об 43 нафар ғарқ гардид. Дар натиҷаи фалокатҳои гуногун ба иқтисодиёти мамлакат бештар аз 92 миллиону 451 ҳазору 700 сомонӣ зарар расонида шуд. Имсол дар натиҷаи боришҳои тӯлонӣ, сел ва фуромадани тарма бештар аз 40 ноҳияи мамлакат зарар дид. Бо ҳамин сабаб 2471 хонаи истиқоматӣ хароб гардид. Аз ин ҷумла, 496 хона ғайри қобили истифода мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






