АМИТ «ХОВАР» СОҲИБИ РАДИО МЕШАВАД

Июль 8, 2009 14:55

                 Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 8 июл ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовараи Агентӣ, муовини аввали директори телевизиони «Баҳористон» Садриддин Ҳасанзода ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров иштирок намуданд.                 Директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсиддинов оид ба фаъолияти Агентӣ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, қайд кард, ки Агентии иттилоотии «Ховар дар ин давра зиёда аз 8 ҳазору 651 хабар, 1 ҳазору 749 мақолаву гузориш, шарҳу мусоҳиба интишор намуда, зиёда аз 6 ҳазор маводро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Инчунин, таъқид гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, омодагӣ ба ҷашнҳои 65-солагии Иди Ғалаба бар фашизм, 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мунтазам мавод нашр мекунад, ки аз онҳо доираи васеи ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамзамон шахсиятҳои алоҳида истифода мебаранд.                 Садриддин Шамсуддинов иттилоъ дод, ки то охири соли ҷорӣ АМИТ «Ховар» дар фазои иттилоотии кишвар радиои худро фаъол хоҳад кард, ки бевосита ба фаврияти пахши рӯйдодҳои дохиливу хориҷӣ мусоидат мекунад. Ин масъала бо Ҳукумати мамлакат мувофиқа шуда, корҳои ташкилӣ идома доранд. Дар навбати аввал ин радио танҳо пахши хабарҳоро бо забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда, тадриҷан барномаҳои дигарро низ фарогир хоҳад буд.                  Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Алиҷон Шоназаров фаъолияти АМИТ «Ховар»-ро қаноатманд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки саҳми Агентӣ дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ назаррас мебошад, зеро ҳамарӯза ВАО-и давлатӣ, бахусус телевизион ва радио аз маводҳои он истифода мебаранд.                  Алиҷон Шоназаров роҷеъ ба баъзе камбудиҳо дар фаъолияти Агентӣ ибрози андеша карда, таъқид намуд, ки дар баробари сатҳ ва мақоми АМИТ «Ховар» кормандони он низ бояд дар фазои иттилоотии кишвар саҳми махсус дошта бошанд, зеро маводҳои пахшнамудаи онҳо эътимодбахш бояд бошад. Чун ки, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар рӯйдодҳоро аз рӯи маводҳои омода намудаи хабарнигорони Агентии иттилоотии расмӣ баҳо медиҳанд.                 Дар фарҷом аз ҷониби ҳайати мушовараи АМИТ «Ховар» пешниҳод гардид, ки ҷиҳати пурмӯҳтаво ва самаранок гардонидани фаъолият дар ин мақомоти иттилоотии ҷумҳурӣ дар давоми шашмоҳаи дуюми соли 2009 аттестатсияи кормандони АМИТ «Ховар» гузаронида шавад.

Июль 8, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст