БАРОИ ИҶРОИ БАРЗИЁДИ АНДОЗ ЗАМИНА ҲАСТ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар давоми шаш моҳи аввали ҷорӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 973,3 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 1029,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 189,2 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ 21 июл, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов. Дар ин давра иҷрои ду намуди андоз, аз ҷумла боҷи давлатӣ 91,5 фоиз ва андоз аз фурӯши нахи пахта 87,8 фоиз иҷро гардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 4 миллион сомонӣ кам ворид шуд. Бояд гуфт, ки дар баробари ин, бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо ба ҳолати 1 июл 619,3 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба якуми январи соли равон ба андозаи 108,4 миллион сомонӣ афзудааст. Барои андешидани чораҳои маҷбӯран ситонидани бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо аз тарафи мақомоти андоз дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 592 маврид ба маблағи 202,9 миллион сомонӣ нисбати андозсупорандагони қарздор ба судҳо маводҳо фиристонида шуда, дар 344 маврид ба маблағи 50 миллион сомонӣ аз ҷониби судҳо ҳалнома бароварда шуд. Дар фарҷом Н. Давлатов ба саволҳои хабарнигорон посух дода, таъқид кард, ки бо дарназардошти таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ ва ба ин васила суст шудани раванди истеҳсолот, роҳбарияти Кумитаи андоз мекӯшад ҷамъоварии андозро барзиёд иҷро кунад. Ҷиҳати иҷрои барзиёди ҷамъоварии андозҳо сарчашмаҳои эътимодбахш мавҷуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






