ДАР ХОРУҒ 2 МЕҲМОНХОНАИ НАВ СОХТА МЕШАВАД
Бадахшон, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Рӯзи 17-уми июл бо амри Президенти кишвар ҳайати намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов вориди шаҳри Хоруғ гардид. Дар ҳайат вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, вазири фарҳанг, раиси Бонки миллӣ инчунин раиси Кумитаи давлатии омор, директори Агентии сохтмон ва меъморӣ, Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», сардори саридораи геология, муовинони вазири маориф, энергетика ва саноат, раиси Бонки амонатгузории «Амонатбонк» мудири котиботи сарвазири ҷумҳурӣ, директори Маркази татбиқи лоиҳаи инвеститсионии роҳсозӣ, сармутахассиси шӯъбаи идораи Хоҷагии ДИПҶТ ҳастанд. Тавре садри дастгоҳи раиси ВМКБ Хушқадам Хушқадамов иттилоъ дод, мурод аз вориди Бадахшон гардидани чунин ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ ин омодагӣ ба Рӯзи ваҳдати соли 2010, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, мебошад. Худи ҳамин рӯзҳо бо маблағи ТАЛКО сохтмони ду меҳмонхона барои 44 ва 75 нафар ва бо маблағи «Амонатбонк», чойхонаи замонавӣ бо тарҳи меъморию шарқӣ дар шаҳри Хоруғ оғоз мегардад. Намояндагони вазоратҳо, кумитаҳою идороти дигар бошанд дар боби беҳбудии соҳаи хеш низ корҳои мушаххасро анҷом медиҳанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






