ДАР КӮЛОБ БЕМОРИИ ДОМАНА 2 БАРОБАР КАМ ШУД
Кӯлоб, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бемориҳои сироятӣ дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардухтури назорати давлатии санитарию эпидемиологии №2-и минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов. Зикр намуд, ки тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар минтақа бемории домана 130%, оташак 45,0%, зардчаи намуди А-8-ҳодиса, зуком 27,7%, бемории илтихоби шуш 141,3% ва бемории сил 8 ҳодиса кам ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳолати санҷиш аз мағозаҳои фурӯши маҳсулотҳои хӯрока 225 килограм маҳсулотҳои кондитерӣ, 12 килограм ҳасиб, 18 килограм равғани «Рама», 266 тухми мурғ, 6 килограм шир (сгущенка), 3 килограму 800 грамм қаймоқ, 8,5 литр ҷурғот, 600 грам равғани маска ва дигар маҳсулотҳое, ки нигаҳдориашон гузашта буд аз фурӯш гирифта шуданд. Давлатов афзуд, дар ин давра 4065 иншоотҳо санҷида шуда, 706 нафар қонунвайронкунандагони меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ошкор карда шуд, ки ба 553-нафари онҳо ҷарима баста шуда, фаъолияти 153 иншооти дигар муваққатан манъ карда шудааст.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






