ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН ФАННИ НАВ ОМЎХТА МЕШАВАД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз соли нави хониши 2009-2010 дар тамоми мактабҳои миёнаи Тоҷикистон фанни нав дар бораи ҳуқуқи дин (фикхи ханафия) «Маърифати ислом» ҷорӣ хоҳад шуд. Ин фанни нав тибқи фармони Президенти ҶТ ва ба муносибати Соли бузургдошти Имоми Аъзам омӯхта мешавад. Фанни мазкур асосан дар синфҳои боло омӯхта мешавад. Айни ҳол аз рӯи ин фан барномаи таълимӣ ва китоби дарсӣ тайёр карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуотии Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






