ДАР ТУРКИЯ ШУМОРАИ НАВБАТИИ МАҶАЛЛАИ ТОҶИКИИ «ВАТАН» ЧОП ШУД
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Шумораи навбатии маҷаллаи «Ватан» аз чоп баромад, ки онро донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Туркия нашр мекунанд. Маҷалла ба забонҳои тоҷикию туркӣ, русӣ ва англисӣ чоп мешавад. Муаллифони қисми зиёди хабару мақолаҳои маҷалла худи донишҷӯён мебошанд. Дар саҳифаҳои шумораи навбатии маҷалла дар бораи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон, мулоқоти панҷуми сарони мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба проблемаҳои об дар Истамбул, соли байналхалқии бузургдошти Имоми Аъзам, ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Анқара, натиҷаҳои ҷашнвораи сеюми донишҷӯёни тоҷик, ки дар Туркия таҳсил мекунанд ва хабару мақолаҳои дигар чоп шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шумораи навбатии маҷаллаи «Ватан» бо кӯмаки Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия чоп карда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






