ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРАИ БӮҲРОНИ ҶАҲОНӢ
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 2 то 5 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба соли ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ доир гардид. Дар кори Шӯро намояндагони сохторҳои кор бо ҷавонони кишварҳои Озорбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Бахшида ба ин рӯз 4 июли соли ҷорӣ дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» мизи мудаввар баргузор гардид. Тавре иштирокчиёни чорабинӣ қайд намуданд, дар маҷлис як қатор масъалаҳои дастгирии ҷавонон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои афзалиятноки ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва лоиҳаи барномаи стратегии ҳамкории байналхалқии созмонҳои ҷавонони давлатҳои ИДМ муҳокима шуд, ки онро вазорати маорифи Белорусия таҳия ва пешниҳод намудааст. Мулоқоти навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои ИДМ дар шароити ҷомеаи муосир дар сатҳӯ сифати нав ба роҳ монда шавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






