ДАЪВАТ КАРД АСИРИ АМРИКОӢ АФҒОНИСТОНРО ТАРК НАМОЯНД

Июль 20, 2009 15:09

                  Доҳа, 20 июл. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Ширкати телевизионии «Алҷазира» — и Қатар сабти навори видеоии хизматии ҳарбии амрикоиро намоиш дод, ки толибон дар қисмати шарқии Афғонистон дар вилояти Пактиё асир гирифтаанд. Дар навор аскари ҷавони амрикоӣ тасвир ёфтааст, ки либоси анъанавии афғонӣ пӯшида буд. Вай роҳбарияти мамлакаташро даъват намуд, ки тамоми қисмҳои ҳарбии худро фавран аз Афғонистон барорад.                   Асири ҳарбӣ ба роҳбарияти мамлакатш хитоб карда, гуфт: «Хоҳишмандам, моро, аз асорат наҷот дода, ба зодгоҳамон баргардонед. Мо намехоҳем умри худро дар ин сарзамини бегона бе ягон мақсад ва беҳуда гузаронем!».                   Дар навор инчунин, гарданбанди оҳанини хизматчии ҳарбии амрикоӣ намоиш дода шуд, ки дар он ному фамилияи ӯ сабт шудааст. Аскари мазкур ягона хизматчии ҳарбии амрикоӣ мебошад, ки бади соли 2002 дар Афғонистон асир гардидааст.                    Хабар дода мешавад, ки ҷузъу томҳои низомии ИМА моҳи июл ба муқобили Толибон маъракаи доманадори ҳарбӣ оғоз кард.                   Вазорати мудофиаи ИМА воқеаи нишон додани асири ҳарбиро дар телевизиони «Алҷазира» шадидан маҳкум намуд. Қайд карда шуд, ки ин иқдом ҳадафи ташвиқу тарғиби фаъолияти ҷунбиши толибонро дорад. Мо онро як навъ поймол намудани ҳуқуқи байналхалқӣ шуморида, кӯшиш хоҳем кард, ки аскари асирафтода ҳар чӣ зудтар озод карда ба ватан баргардонда шавад, гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти Пентагон.                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 20, 2009 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст